БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БО САДОҚАТИ БАЛАНД БА ВАТАН ДАР ИНТИХОБОТ ИШТИРОК МЕНАМОЕМ!

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар якҷоягӣ бо аъзои гурӯҳи тарғиботии пешазинтихоботӣ дар деҳаи Қулсанги Ҷамоати деҳоти ба номи Калинин бо интихобкунандагон мулоқоту вохӯриҳо доир намуданд.

Намояндагон оид ба масъалаҳои интихобот, иштирок дар интихобот, ҳимояи ҳуқуқҳои интихобкунандагон суҳбатҳо гузаронида, номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва корнамоию қаҳрамониҳои Пешвои миллатро барои саодати халқу миллати Тоҷикистон бо мисолҳои мушаххас баён карданд. Инчунин, Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки амалишавии нақшаю тадбирҳои муҳимро барои расидан ба зиндагии шоистаи мардум то соли 2027 дар пай дорад, қайд намуданд.  

Дар баробари ин аъзои гурӯҳи тарғиботӣ мардумро ба корҳои ободонию бунёдкорӣ, таълиму тарбияи наврасону ҷавонон, пешгирии чинояту ҷинояткорӣ миёни ноболиғону ҷавонон, кӯмаку дастгирии ятимону маъюбон ва оилаҳои ниёзманд ва ихтиёран рафтани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ даъват карданд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg