БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАСЪУЛИЯТИ ШАХСӢ ВА ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОН ДАР РАВАНДИ ИНТИХОБОТ

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва аъзои гурӯҳи тарғиботии пешазинтихоботии ноҳиявии  ҳизб корҳои таблиғотиро дар кӯчаи ба номи Айнии Ҷамоати  шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ оид ба муаррифии номзади Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи пешазинтихоботии номзад роҳандозӣ намуданд.  

Аъзои гурӯҳи тарғиботӣ вобаста ба масъалаҳои интихобот, ҳуқуқу уҳдадориҳои интихобкунандагон, иштироки фаъолонаи мардум дар интихобот ва интихоби дурусту воқеъбинона намудан барои ояндаи дурахшони миллату давлати азизамон миёни аҳолӣ суҳбатҳо доир намуда, Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муаррифӣ намуданд.

Аъзои гурӯҳи тарғиботии пешазинтихоботии ноҳиявии ҳизб нишондиҳандаҳои маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ва дигар нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва микроиқтисодии мамлакатро давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо мисолҳо таҳлил намуданд.  Инчунин, дурнамои рушди Тоҷикистонро барои ҳафт соли оянда, ки аз Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, ба саҳми сокинон расониданд.

Ҳамзамон, дар рафти суҳбату вохӯриҳо масъулин мардумро ба шукргузорӣ аз давлату ҳукумати мамлакат, Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ ва фарҳангу тамаддуни миллӣ даъват намуда, барои таълиму тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ, касбомӯзию забономӯзӣ, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, вусъати корҳои ободонӣ ва ихтиёран сафарбар намудани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ маслиҳатҳои муфид доданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg