БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБКУНАНДАГОН АЗ БАРНОМАИ НОМЗАДИ ҲХДТ ИЗҲОРӢ ҚАНОАТМАНДӢ КАРДАНД

ХОВАЛИНГ.  Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки шахси боэътимоди номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ректори Донишгоҳи давлатии Данғара, номзади илмҳои техникӣ, доктори илмҳои педагогӣ Шоҳиён Нуралӣ Набот дар  Қасри фарҳанги ноҳия бо иштироки васеи мардум ҷиҳати фаҳмонидани Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрӣ доир карда шуд.

Мардум аз суҳбати доирнамудаи шахси боэътимоди номзад оид ба фаъолияти Президенти мамлакат дар ҳафт соли охир ва Барномаи пешазинтихоботии номзад аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳафт соли оянда  маълумоти муфассал пайдо намуданд.

Интихобкунандагон хизматҳои Пешвои миллатро дар роҳи сулҳофарӣ, давлатсозӣ, ки аз тарафи шахси боэътимоди номзад баён гардиданд, бо кафкӯбиҳои гарм истиқбол намуданд. Вохӯриро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Халилзода Сафар Хоҷа ҷамъбаст намуда, ба Шоҳиён Нуралӣ Набот  ректори Донишгоҳи давлатии Данғара барои суҳбати хеле самимӣ ва муфид изҳори миннатдорӣ намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg