БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРОИ РУШДИ УСТУВОРИ ИҚТИСОДӢ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Гурӯҳи таблиғотии Ситоди пешазинтихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо интихобкунандагони деҳаи Сомониёни Ҷамоати деҳоти ба номи Саидқул Турдиев вохӯрь гузарониданд.

Зимни баромад корманди масъули Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар ноҳия Бодомов Назрулло оид ба дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ сухан карда, қайд кард, ки дар 7 соли охир зиёда аз 1200 корхонаи нави истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз карда, ҳамасола 150000 ҷойи кории доимӣ ва  мавсимӣ таъсис дода шудааст. Шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ 50% кам гардида, даромади пулии аҳолӣ беш аз 2 ва музди меҳнати миёнаи як корманд 2,4 баробар зиёд шуд.

Дар охир аз ҷамъомадагон даъват ба амал оварда шуд, ки рӯзи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номзади арзандаи ҲХДТ овоз диҳанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg