БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБИ МО ҶАВОНОН - ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЁВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар назди   Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии  Демократии Тоҷикистон  дар ноҳия Ёвон доир ба суҳбату вохӯриҳо бо интихобкунандагони ҷавон дар муассисаи давлатии таълимии Литсейи касбии техникии ноҳияи Ёвон бо  иштироки Содиқова М- директори муассисаи мазкур,  Расулов Ғолиб  мудири бахши кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон, Нозиров Х мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия   ва аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” бо ҳунарҷӯёни   муассисаи  мазкур вохӯрӣ баргузор намуд.

Расулов Ғ зимни  баромади худ доир ба Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон, ки ба соҳаи ҷавонон равона гардида буд, ибрози андеша намуд.

Доир ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ  иброз гардид, ки ҷавонони мо имрӯз бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи ҳамингуна ҳизбу ҳаракатҳо нашаванд ва дар ободонии Тоҷикистони азиз саҳми худро гузоранд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg