БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБИ ПРЕЗИДЕНТ НИШОНАИ СОҲИБИХТИЁРИИ ДАВЛАТ АСТ

БОХТАР.  Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар Барномаи пешазинихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  омадааст, ки бо мақсади эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва рушди сайёҳӣ ташаккул додани заминаҳои ҳуқуқӣ ва сохтории соҳаи ҳунармандӣ, рушди инфросохтори он, васеъ  намудани дастрасии ҳунармандон ба таҳсилоти касбӣ, дар заминаи муассисаҳои давлатии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таъсис додани ихтисосҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ҳафт соли оянда яке аз ҳадафҳои асосии мо ба ҳисоб меравад,  гуфт зимни мулоқот   Хатичабону Ализода, шаҳрванди фахрии шаҳри Бохтар, аъзои гурӯҳи тарғиботии шаҳрӣ оид ба тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲҲДТ бо сокинони маҳаллаи Зарбдори шаҳри Бохтар.

Вохӯрии мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳои Ситод ва гурӯҳи тарғиботии шаҳрӣ доир гардида, дар он аъзои ситод Ализода Хатича, вакили Маҷиси вакилони халқи шаҳри Бохтар Нурализода Наргис,  намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Ҳакимова Волида, сокинони маҳалла ва дигар шахсони даъватӣ иштирок доштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg