БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБОТ - МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар маҳаллаи ба номи Шукронаи Ҷамоати деҳоти Ҳалеварди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷиҳати таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҲХДТ бо иштироки кормандони  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия  ва дар якҷояӣ бо гурӯҳи таблиғоттии назди Кумитаи иҷроия бо интихобкунандагон вохӯрӣ доир гардид.

Масъулин зимни суҳбат доир ба муҳтавои  Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ, маориф ва илм,ғамхориҳои пайвастаи Сарвари кишвар суханронӣ намуданд. Интихобкунандагон низ дар навбати худ ибрози ақида намуданд, ки албатта рӯзи интихобот ба номзади арзандаи ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон овози худро медиҳанд ва дар  боз ҳам сарсабзу хуррам гардидани Ватани азизамонғТоҷикистон саҳми муносиб мегузоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg