БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБИ МАН БАРОИ САОДАТИ РӮЗГОРИ МАРДУМ ВА АРҶГУЗОРӢ БА ФАРҲАНГИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар ҳамбастагӣ бо аъзои гурӯҳи тарғиботии пешазинтихоботӣ бо мақсади таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо интихобкунандагони деҳаи Бӯстон Сулаймоноваи Ҷамоати деҳоти Иттифоқ мулоқоту вохӯриҳо доир намуданд.

Намояндагон дар рафти мулоқотҳо номзад ва Барномаи  пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муаррифӣ намуда, дастовардҳои давлату ҳукумат ва мардуми шарифи Тоҷикистонро давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ва баъди ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, ки роҳбарии давлатро муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда доштанд, бо мисолҳои дақиқ ва мушаххас ба саҳми сокинон расонида, мардумро ба шукргузорӣ аз Истиқлолияти давлатӣ ва Сарвари одилу хирадманд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват намуданд.

Инчунин, намояндагон мардумро ба вусъати корҳои ободонию бунёдкории диёр, таълиму тарбияи ҷавонону наврасон, касбомӯзии занону духтарон ва калонсолон ва даъвати ихтиёрии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ даъват карданд.      

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg