ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон ва гурӯҳи тарғиботии ҳизбӣ оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаю маҳаллаҳои ҳудуди Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот суҳбату мулоқотҳо баргузор карда истодаанд. Чунин вохӯрии судманд дар деҳаи 20-солагии Истиқлолияти Ҷамоати деҳоти Фахробод баргузор гардида, дар он намояндагони ҳизбӣ вобаста ба муҳтавои Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва рушду тараққиёти Ватан андешаронӣ карда гуфтанд, ки интихоби номзади арзанда барои ояндаи дурахшони меҳан ва боз ҳам таъмин гардидан ба зиндагии шоистаи шаҳрвандон мусоидат менамояд.
Дар охири вохӯрӣ аз ҷониби иштирокчиён изҳори миннатдорӣ нисбати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён карда шуда, онҳо иброз доштанд, ки рӯзи 11-уми октябри соли равон ҳама якҷоя дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, ба ҷонибдории номзад аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон овоз медиҳанд.