БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАМА ЯКДИЛОНА БА НОМЗАДИ АРЗАНДА ОВОЗ МЕДИҲЕМ

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҳамарӯза гурӯҳҳои таблиғотиву ташвиқотии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон дар  ҳудуди ноҳия бо маром баргузор гардида истодааст.

Вохӯрии навбвтӣ дар деҳаи Арали Ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалӣ бо интихобкунандагон баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Сафар Ҳафиза Раззоқ иштирок ва баромад намуда, дар бораи номзади ҲХДТ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ибрози ақида намуд, ки аз ҷониби иштирокчиён изҳори миннатдорӣ нисбати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён гардида, онҳо иброз доштанд, ки рӯзи 11 октябри соли равон ҳама якҷоя дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, ба ҷонибдории номзад аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон овоз медиҳанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg