БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБОТ МАРҲАЛАИ МУҲИМ ДАР РУШДИ ҶОМЕАИ ДЕМОКРАТӢ

ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.

Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритуз ва аъзои гурӯҳи кории таблиғотӣ бо мақсади тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Хокак» вохӯрӣ доир гардид.

Зимни вохӯрӣ вобаста ба дастовардҳои ҳафт соли охир, саҳми бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амалӣ шудани ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат ва нақшаву мақсадҳои нав барои ҳафт соли оянда, ки дар Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони “Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум” таҳия шудааст, сухан рафт.

Зимни вохӯрӣ ба иштирокдорон варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуда, ба онҳо барои иштироки фаъолона варзидан дар интихобот ва ифодаи озоди иродаи худ даъват гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg