БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРИИ ШАХСИ БОЭЪТИМОДИ НОМЗАД АЗ ҲХДТ БО АҲЛИ ҶАМОАТЧИГӢ

А.ҶОМӢ. Дар  доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дирӯз Сафарзода Асалмоҳ  шахси боэътимоди номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ташриф оварда, бо сокинони Ҷамоати деҳоти Яккатут суҳбату вохӯриҳо доир намуд.

Сафарзода Асалмоҳ шарҳи ҳол, корнамоиҳо ва қаҳрамонии фарзанди фарзонаи миллат Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аз оғози фаъолияти Роҳбари давлат буданашон то имрӯз қайд  намуда, хизматҳои арзандаи ин марди шарифро барои  сарҷамъ намудани халқи парешонгаштаи кишвар дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ва аз нав эҳё гардидани ҳаёти осоиштаи мардумро бахту иқболи миллат арзёбӣ кард.

Ҳамзамон шахси боэътимоди номзад ҳозиринро ба шукргузорӣ аз Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, тарбияи насли наврасу ҷавон, иштироки фаъолона дар интихобот ва ҳушёру зирак будан дар раванди ҷаҳонишавӣ ва омилҳои хатарафзо даъват намуда, Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки барои рушду тараққиёти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат барои ҳафт соли минбаъда пешбинӣ гардидааст, ба саҳми сокинон расонид.

Ҷамъомадро раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Ҳалимов Маҳмаддовуд ҷамъбаст намуда, мардуми деҳотро барои вусъати корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ, пардохти саривақтии андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, ихтиёран сафарбар намудани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, иштироки фаъолона ва дастаҷамъӣ дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаю оқилонаи номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg