
ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади иштироки ҳатмии шаҳрвандон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шиносоӣ бо Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, пешгирии бемории сироятии коронавирус (COVID – 19), инчунин бо мақсади истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва захираи маводи ғизоӣ барои зимистонгузаронӣ кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо усули ”хона ба хона” корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.
Дар мулоқот бо сокинон мудири шуъбаи таблиғот, иттиллот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Гулрухсор Мирзоева қайд намуд, ки иштироки мо дар интихоботи Президенти кишвар ҳатмӣ буда, ба ин воситаи қарзи шаҳрвандии худро адо менамоем ва барои сулҳу оромии кишвар саҳми худро мегузорем.
Ҳамзамон, ба иштирокчиён Муроҷиатномаи ҲХДТ, варақаи иттилоотии пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус ва варақаи иттилоотии истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ дастрас карда шуд.