БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БА НОМЗАДИ АРЗАНДАИ ХУД ОВОЗ МЕДИҲЕМ

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Гурӯҳи тарғиботии ноҳиявӣ бо интихобкунандагони деҳаи Тосқалъаи  Ҷамоати деҳоти Миралӣ Маҳмадалӣ ҷиҳати тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон, самтҳо, ҳадафҳо ва пешрафти кишвар аз интихобот то интихобот вохӯрӣ баргузор карданд.

Сафар Ҳафиза Раззоқ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ зимни баромади хеш атрофи Барномаи мазкур муфассал суханронӣ намуда, иброз дошт, ки ҳамаи дастоварду пешравиҳо пеш аз ҳама тавассути иҷрои  Барномаи пешазинтихоботии номзад аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мегарданд.

Ҳамзамон, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Мирзоев Сафаралӣ қайд намуд, ки иштирок дар интихобот қарзи шаҳрвандии ҳар яки мо буда, интихоби дурусти мо омили рушди ояндаи дурахшони кишварамон ва зиндагии шоистаи мардум мебошад.

Дар охир раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Саидов Муҳаммадҷон ба сухан баромада, иброз намуд, ки аз номи худ ва аз номи кулли кормандони беморхонаи №5 ваъда медиҳам, ки овози худро ба ҷонибдории номзади арзанда муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон медиҳем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg