БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТОҶИКИСТОН БА ПЕШ!

АНДЕША. Интихобот ин раванди идораи давлат аз ҷониби аҳолии дилхоҳ кишварҳо тавассути раъйдиҳӣ маҳсуб ёфта, бо ин васила ҳизбу ҳаркатҳо дар таъмини волоияти қонун, амалисозии барномаҳои матраҳшудаи гурӯҳӣ ба хотири беҳдошти сатҳу сифати зиндагӣ ва пешрафти ҳамаҷонибаи рушди соҳаҳо саҳм мегиранд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки санаи 11 октябри соли ҷорӣ дар кишвари мо интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, мардуми шарифи Тоҷикистон рушди бемайлони хоҷагии халқи кишварро тайи 7 соли оянда муайяну мушаххас менамоянд.

Бешак метавон ёдрас шуд, ки кишвари мо муддати сарварии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ба пешравиҳои назаррас ноил гардида, рӯз аз рӯз сатҳу сифати зиндагии мардум беҳтару хубтар мегардад. Бо боварӣ гуфта метавонем, ки барномаи амали Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки роҳбарии ин ҳизби меҳвариро Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зимма доранд, дар давраи фаъолияти зиёда аз 25-сола ба таври аниқу дақиқ дар ҷомеа амалӣ сохтанд.

Андеша бояд кард, ки Тоҷикистони дар вартаи нобудӣ қарордоштаро дубора эҳё намудану ҳама гурӯҳҳои даргирро ба мусолиҳа овардан дар ҳамон давру замони барои мардуму миллат хеле ҳассос ба ҳар кас муяссар намешуд. Танҳо шуҷоату мардонагӣ ва азхудгузаштанҳо лозим буд, ки дар мамлакат сулҳу рафоқат ба таври доимӣ пойдор гардад ва хушбахтона мо ҳамагон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин рӯзҳои босаодат расидем ва ба қадри оромию осудагӣ расидан барои ҳар яки мо қарзи бузурги шаҳрвандист.

Ҷомеаи имрӯза ва шинохти миллату давлатро дар арсаи ҷаҳонӣ дар шароити имрӯз шояд аз Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дида дигар шахсият муаррифӣ карда наметавонад. Зеро мактаби сиёсату  мардонагӣ ва шуҷоати Пешвои муаззами миллат барои ҳар як шахси ватандӯсту худогоҳ  шоистаи омӯзиш ва манбаи таблиғу тарғиб ва тарбияи насли нав хоҳад буд.

Дар интихоботи моҳи октябр дар баробари дигар номзадҳо аз аҳзоби сиёсӣ аз ҷониби Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон номзадии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Ва мо бовар дорем, ки ақлу хиради азалии мардуми шарифи Тоҷикистон бори дигар боло гирифта, дар рӯзи интихобот ҳамагон аз номзадии Пешвои муаззами миллат дастгирӣ хоҳем кард.

Тоҷикистон бо Пешвои ватандӯсту миллатдӯсташ ба пеш! 

М.Қурбонова, мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи ичроияи  ҲХДТ дар н.Ш.Шоҳин                                   

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg