БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБОТ ВАСИЛАИ АСОСИИ АМАЛИГАРДОНИИ СОҲИБИХТИЁРИИ ХАЛҚ МЕБОШАД!

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Гурӯҳи таблиғотии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб вобаста ба маъракаи муҳимми сиёсӣ - яъне интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаю маҳаллаҳои шаҳри Кӯлоб корҳои фаҳмондадиҳиро  бо маром идома дода  истодаанд.

Бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмуъмин дар маҳаллаҳои ба номи Ш.Шоҳин ва А.Сафар бо сокинон вобаста ба иштироки онҳо дар маъракаи муҳимми сиёсии дарпеш буда, яъне интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хониши сиёсӣ доир намуданд.

Дар вохӯрӣ бо сокинон оид ба Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳафт соли оянда  таҳияшуда суханронӣ намуданд. Зимни мулоқот иброз гардид, ки ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қобилияти ҳуқуқи интихоботӣ дорад ва ё то рӯзи баргузории он фаро мерасад, даъват ба амал оварда мешавад, ки манфиатҳои давлату миллат ва фарзандони худро аз ҳама боло гузошта, ба хотири фардои дурахшони Тоҷикистони беназир овози худро дареғ надоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg