БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РӮЗИ ИНТИХОБОТРО БЕСАБРОНА ИНТИЗОРЕМ, ТО БА НОМЗАДИ АРЗАНДАИ ХУД ОВОЗ ДИҲЕМ

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо усули “хона ба хона” бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ ва наммояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Президенти ман - интихоби ман” баргузор гардид.

Манучеҳри Хуршед мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо сокинон вохӯрӣ карда, иброз дошт, ки Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ аз ҳадафҳои асосии барномавии ҳизб сарчашма гирифта, вазифаи ҳар як узви ҳизбро ҷиҳати рушди иқтисодиёт ва беҳбудии ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишвар муайян менамояд.

Таъкид шуд, ки татбиқи дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами ҲХДТ ба манфиати ҳар як сокини кишвар буда, дар таъмини зиндагии босаодат,  пешрафту ободӣ  ва сулҳу оромии  Ватан мусоидат менамоянд.

Дар аксияи мазкур сокинон фаъолона иштирок намуда, иброз доштанд, ки дар рӯзи интихобот 11-уми октябр  фаъолона иштирок намуда, ба номзади арзандаи худ  Раиси муаззами ҲХДТ овоз медиҳанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg