БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БА ҶОНИБДОРИИ АРЗАНДАТАРИН НОМЗАД ОВОЗ МЕДИҲЕМ

БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Дирӯз дар асоси нақшаи кории гурӯҳи таблиғотӣ оид ба ташвиқу таблиғи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Зархези шаҳри Бохтар вохӯрӣ бо сокинон доир гардид.

Дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Иброҳимзода Неъматулло, Қосимзода Солеҳа собиқадори ҲХДТ иштирок ва суханронӣ намуданд. Зимнан  Иброҳимзода Неъматулло доир ба маъракаи муҳими сиёсии дар пешистода - интихоботи Презимденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пешгирӣ аз паҳншавии мавҷи дуюми бемории сироятии коронавирус, саҳмгузорӣ дар ободониву хуррамгардонии маҳалли зист, нигоҳ доштани фарҳанги миллӣ ва бо дастовардҳои назаррас пешвоз гирифтани 30- солагии Истиқлоли давлатӣ андешаҳои худро баён дошта, гуфт ки мо сокинони кишварро лозим аст, ки 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас бояд пешвоз гирем. Аз ин рӯ, ҳар яки мо бояд саҳми худро бояд гузорем дар корҳои ободониву созандагӣ гузорем.

Сипас, Қосимзода Солеҳа дар  баромади хеш  қайд кард, ки номзад аз ҲХДТ дар Барномаи пешазинтихоботии худ тамоми соҳаҳои фаъолияти хоҷагии халқро ба риштаи таҳлил кашида, дар ҳафт соли оянда якҷо бо мардуми шарифи Тоҷикистон корҳои боз ҳам муҳиммеро ба анҷом расонида,   Ватани азизамонро ободу зебо мекунем. Бо ин мақсад дар ҳафт соли оянда татбиқи “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”-ро таъмин карда, дар ин асос муҳимтарин масъалаҳои иқтисодии кишварро амалӣ менамоем.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg