
ЁВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки намояндагони Ситоди ноҳиявии ҲХДТ дар деҳаи Санҷитаки Ҷамоати деҳоти Обшорон дар доираи омодагиҳо ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштироки фаъолонаи аҳолӣ дар интихобот ҳамчун василаи шаҳрвандӣ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ намояндагони Ситоди ноҳиявӣ ва Ситоди Ҷамоати деҳоти Обшорон иштирок намуда, Барномаи пешазинтихоботии номзади ҲХДТ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба саҳми иштирокдорони чорабинӣ расониданд. Ба ҳамагон маълум аст, ки халқи тоҷик боз дар пешорӯи як маъракаи бисёр ҳам муҳим ва таърихӣ, ин ҳам бошад маъракаи интихоботи Президенти Тоҷикистон аз интихоби дурусти мову шумо ҳафт соли ояндаи кишвар бозгӯ аст.
Дар охир иштирокдорони чорабинӣ ба сухан баромада, иброз доштанд, ки якдилона ба тарафдории номзади ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон овоз медиҳанд.