БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРИИ ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТИИ ВИЛОЯТИИ ҲИЗБ БО ИНТИХОБКУНАНДАГОНИ ҶАВОН

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати тарғиби  Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамоиши намояндагии ТҶҶ "Созандагони Ватан" -ро дар шаҳри Кӯлоб доир намуданд.

Дар Донишкадаи технологӣ ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Шарифзода Гулрухсор, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Бобоев Беҳрӯз ва мутахассиси ин шуъба Асроров Саидшо, ҷонишини директори Донишкадаи технологӣ ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб Шоев Алмосшо, аъзои намояндагии ТҶҶ "Созандагони Ватан" ҳамоиши намояндагии ТҶҶ "Созандагони Ватан" доир гардид.

Аз ҷониби масъулин оид ба муҳимтарин маъракаи сиёсӣ, яъне раванди интихобот, ки 11 октябри соли ҷорӣ баргузор мегардад, Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастовардҳои 7 соли аз интихобот то интихобот ва пешрафти соҳаҳои ҳаётан муҳимми мамлакат суханронӣ намуданд. Дар ин ҳамоиш зиёда аз 350 нафар иштирокчиён ширкат намуданд.

Дар охир ба аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо Сипоснома сарфароз гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg