БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН АРЗАНДАТАРИН НОМЗАД БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

НОРАК. Гурӯҳи таблиғотии вилоятии пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони деҳаи Чал-Чали Ҷамоати деҳоти Дуконии шаҳри Норак вохӯрӣ доир намуданд.

Сараввал  дар вохӯрии мазкур Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сокинон муаррифӣ карда шуд.

Зимни суханронӣ масъулин  иброз доштанд, ки ҲХДТ таҳти  Сарварии Раиси муаззами худ шахсияти камназири таърихӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери шиори барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум садоқати худро ба арзишҳои умумимиллии соҳибихтиёрӣ, баробарҳуқуқӣ ва ошкорбаёнӣ изҳор карда, барои пешрафти ҳамаҷонибаи Тоҷикистон тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ месозад.

ҲХДТ барои таъмини рушди устувор ва бомароми мамлакат, ки бо мақсади муҳайё кардани сатҳу сифати зиндагии арзандаи аҳолӣ, фароҳам овардани имкониятҳои баробар ҷиҳати татбиқи нерӯи инсонӣ дар асоси баробарӣ адолат ва эҳтиром гузоштан ба шаъну шарафи инсон равона шудааст, пайваста саъю кӯшиш менамояд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg