БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЗ ВАТАНУ ИНСОН ДИДА БОЛОТАР ЧИЗЕ НЕСТ

ВОКУНИШ. Имрӯзҳо ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби Назҳати Исломӣ нияти ғаразгӯи дошта, бо роҳбарии Кабирӣ ва бо кумаки молиявии хоҷагони   хориҷӣ дар ҷомеаи мо, ба  амну осудагии  мардуми тоҷику Тоҷикистониён халал  мерасонанд. Ҳарчанд онҳо нақшаҳои хоинонаи худро нисбати кишваре,  Ватане, ки дар онҷо тавлид ёфтаанд, аз обу ҳавои ин кишвари  биҳиштосо нафас гирифта ба воя расидаанд, тармим додаанд, валекин  ба мақсади аҳримонаи худ нахоҳад расид. 

Имрӯз, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такя ба насли наврасу ҷавонон карда, таъкид мекунанд:

- Эй, соҳибони ояндаи ин марзу бум!

- Эй, ояндагони кишвару  халқи азиз ва такягоҳу орзую умедҳои мо

Шумо ҳастед!

Фарзандони диловари Ватан кишварамонро бо сарбаландию сарфарозӣ ободу зебо мекунанд. Ҳар як фарзанди бо нангу номус дар назди худ вазифа гузоштааст, ки  диёри худ,  ин кишвари афсонавии  биҳиштосоро обод намояд.

Мо,  аҳли тоҷикону Тоҷикистон шукрона  аз он бояд кунем, ки давлати соҳибистиқлол дорем. Аз ҳама муҳимаш озод ва дар фазои сулҳу суботи миллӣ осуда зиндагӣ мекунем. Ақлу хирад ва сиёсату мафкураи ояндасозамон таҳти сарварии  марди оқилу хирадманд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боло рафтаасту талошҳоямон  барои пешрафти иқтисодии мамлакат ва ободонии диёр самараҳои хуб дода истодааст.

Мегӯянд, ки «кӯр асояшро як бор гум мекунад»  мо, мардуми тоҷик, сиёсатбозию динситезиҳои гумроҳшудагонро дидем. Аз ин лиҳоз, ба ҷавонони диёрамон гуфтанием, ки эҳсоси худшиносии миллиро  хуб дарк намуда, ба ҳар гуна гурӯҳҳои иғвоангез шомил нашаванд.

Аз Ватану инсон дида, болотар чизе нест.

Ҳар касе, ки дар ҳаққи Ватан  ва мардуми некбахтии он бадгӯйи мекунад, амали ношоиста ва ғайриинсониро анҷом медиҳад, ҳаргиз ба максади ғаразноку нопоки худ намерасад ва  ҷазои сазовор мегирад. Ватандор бошад, Ватани худро содиқона ҳифз мекунад.

Анваров Далер, волонтёр дар  назди КИ ҲХДТ  дар ноҳияи Шаҳритуз

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg