ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар аксияи “хона ба хона”, ки дирӯз аз ҷониби кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг дар деҳаи Қадаҳии Ҷамоати деҳоти Ғаффор Мирзо гузаронида шуд, бештар аз 93 нафар сокинони манзилҳо иштирок намуда, дар бораи роҳҳои пешгирии бемории коронавирус ба таври муфассал маълумот пайдо намуданд.
Аъзои гурӯҳ дар баъзе хонаҳо тарзи шустани дастон, бо намакоб ғар-ғара намудани гулӯ, тарзи истифодаи даҳонбанд ва дигар роҳҳои пешгирӣ аз ин бемориро ба таври амалӣ нишон доданд, бори дигар таъкид сохтанд, ки қоидаҳои беҳдоштию санитариро ҷиддӣ риоя намоянд.