БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АМАЛҲОИ АНҶОМДОДАИ КАБИРӢ ВА ҲАММАСЛАКОНИ Ӯ ДАР СОМОНАҲОИ ИҶТИМОӢ БЕАСОС МЕБОШАНД

ВОКУНИШ. Овозаҳои шахсиятҳои “дилсӯз ва меҳрубон” –и меҳан, ки аз кишварҳои гуногуни дунё ба симоҳҳои ғайрирасмӣ ва даҳшатовар ногаҳон тариқи расонаҳои иттилоотӣ пайдо мешаванд, мардуми шарафманди тоҷикро ба изтироб меоранд.

Ин шахсиятҳоро мо аз лиҳози ҳам донишу савод ва ҳам сиёсат намешиносем.

Аз суханҳояшон дар ҳама  расонаҳои  гуногуни хабарӣ маълум мешавад, ки нисбати сулҳу оромӣ ва пешравии соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ватани азизамон-Тоҷикистон ҳасад бурда, андӯҳгин мебошанд ва мақсади асосиашон  бо ҳар роҳу васила ва фиребу найранг дар ободу зебо гаштани давлати мо тоҷикон монеаҳо эҷод кардан мебошад.

Ҷойи бисёр  таасуф ва нигаронкунанда мебошад, ки тоҷике, ки дар ҳамин сарзамин ба дунё омадааст, нону намаки ин давлатро хӯрдаасту  ба воя расидааст, имрӯз ношукрӣ карда, душмани ашадии ин давлату миллат гаштааст.

Дар урфият мегӯянд, ки “Гови бешир овозаш баланд аст”. Пеш аз оне, ки шахсият нисбати давлату миллат ва Роҳбари давлат ҳарф занад, бояд худ фикр кунад ва ба худ гӯяд, ки баҳри ин Ватан, ки дар оғӯши гармаш ин “инсонҳоро” ба воя расонидааст, чи гуна саҳм гузоштааст. Баҳри ободиву созандагии ин кишвари биҳиштосо кадом корҳои хуберо анҷом додаанд. 

Аз ин ҷост, ки касе набошад, ҳатман бо роҳбарии хоҷагони хориҷӣ ва маблағгузории онҳо оид ба давлатдории тоҷикони имрӯза, ҳуқуқи маънавии ҳарф задан ва ба воситаи расонаҳои иттилоотӣ ва пахш кардани ҳаргуна  маълумотҳои бардурӯғро  надорад.  

Ногуфта намонад, ки мардуми бонангу номуси тоҷик, дигар дар доми ягон ашхосе, ки душмани ашадии мо тоҷикон мебошад фирефта шаванд. Баръакс  аз суҳбати хоинона ва ғаразонаи чунин шахсиятҳо безор буда, ба муқобили онҳо муборизаи беамон мебарад.

Имрӯз мардуми сарбаланди тоҷик зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зич муттаҳид шуда, нерӯи бунёдкоронаи онҳоро баҳри вусъат бахшидани корҳои ободкорию созандагӣ ва пойдор нигоҳ доштани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардонида истодааст.

Абдулҳақов Абдусамад,  волонтёри назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg