МУЪМИНОБОД. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ Кумитаи иҷроияи Ҳизбӣ Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод Аксияи ҳизбиро таҳти унвони "Дар таъмини амнияти озуқавории шаҳрвандон саҳм мегузорем!" корҳои таблиғотиву ташвиқотиро миёни аҳолӣ ба роҳ мондааст.
Зимни баргузории Аксия кормандони масъули ҳизбӣ ба сокинон тавсияҳо доданд, ки аз ҷониби ҳар як оила барои гузаронидани давраи тирамоҳу зимистони имсола барои таъмини захираи маводи ғизоӣ омода намудани консерваҳо, шарбатҳои мевагӣ, инчунин дар таҳхонаҳои худ захираи донагиҳо, аз қабили лӯбиё, нахуд, мошу наск ва ғайраҳоро захира намоянд, то ин ки дар фасли зимистон рӯзгори хешро бо маҳсулоти хӯрока таъмин кунанд.