НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вобаста ба солимии аҳолӣ ва пешгирии бемории сироятии коронавируси (COVID-19) бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак дар кӯчаҳои ҳудуди маҳаллаи Тутқавули Ҷамоати деҳоти Пули Сангин корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ доир карда шуд.
Дар рафти вохӯрӣ ба сокинон варақаҳои иттилоотӣ дастрас карда шуда, таъкид гардиданд, ки аз тавсияҳое, ки дар маводҳои таблиғотӣ инъикос ёфтаанд, васеъ истифода намоянд. Инчунин, аз ҷониби масъулин оид ба беҳдошти муҳити атроф, фарҳангу оини рӯзгордорӣ, омода намудани хӯрокҳои серғизову риояи гигиенаи шахсӣ корҳои фаҳмонадиҳӣ гузаронида шуд.
Ҳамзамон, ҷиҳати самарнок истифода намудани ҳар порча замин ба сокинон таъкид карда шуд, ки истифодаи самараноки замин манфиатовар буда, ба буҷаи оила таъсири мусбӣ мерасонад. Аз ҳамин хотир якояки моро зарур аст ҳар порча заминро самаранок истифода намуда, дар як сол кӯшиш намоем то 2-3 ҳосил ба даст орем.