БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАРОМИ МО - БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАДАНИЯТИ ЗИРОАТКОРӢ

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати корҳои созандагӣ, тозагию ободонӣ, вусъатбахшии раванди корҳои кишоварзӣ дар маҳал, пешгирӣ аз пайдоиш ва густариши бемориҳои сироятӣ кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар деҳаи Эшонободи Ҷамоати деҳоти Гулистон бо истиқоматкунандагон вохӯрӣ доир намуда, ҳамзамон аз заминҳои хоҷагидорӣ ва наздиҳавлигии сокинон дидан намуданд.

Аз ҷониби кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр оид ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон ҷиҳати самаранок ва оқилона истифода намудани ҳар ваҷаб замин корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, сокинонро таъкид намуданд, ки ҳар порча заминро оқилона истифода намуда, аз он ҳосили дилхоҳ ба даст оваранд ва барои беҳтар намудани шароити зисти зиндагии худ ва дар ғанӣ гардидани буҷаи оилаи хеш саҳм гузоранд. Масъулин таъкид намуданд, ки бо мақсади пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус сокинон бояд ба риояи гигиенаи шахсӣ ҷиддӣ муносибат намоянд, ҳангоми аз хона берун баромадан аз ниқобҳои муҳофизатӣ истифода баранд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg