БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАДБИРҲОИ ПЕШГИРИИ КОРОНАВИРУС БАҲРИ СОЛИМИИ ҶОМЕА

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади ба мардум фаҳмонидани дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус дар асоси Аксияи таблиғотии “хона ба хона” кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ ҳамарӯза бо сокинон суҳбату вохӯриҳо гузаронида истодаанд.

Чунин вохӯрию суҳбат дар кӯчаи ба номи Алишер Навоии Ҷамоати шаҳраки Ҳулбук гузаронида шуд. Масъулин ҳангоми суҳбат ба сокинон иброз доштанд, ки риояи ҳатмии роҳу усулҳои пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, аз қабили истифода аз усулҳои ҳатмии воситаҳои беҳдоштӣ, аз ҷумла тарзи истифодаи ниқоб ва дигар маҳлулҳои безараргардонӣ, риояи ҳатмии гигиенаи шахсӣ, тозаву тамиз нигоҳ доштани манзили зист ва ғайраҳо барои саломатӣ хеле муфид мебошад.

Инчунин, ба онҳо барои пурра аз худ намудани пешгирии бемории мазкур варақаҳои таблиғотӣ тақсим карда шуд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg