ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз дар ташкилоти ибтидоии “Обшорон”-и Ҷамоати деҳоти Обшорон бо аҳолӣ бо усули “хона ба хона” вохӯрию суҳбатҳо доир карда, дар рафти суҳбат оид ба пешгирӣ аз бемории сироятии (COVID-19) ва риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ бо мақсади пешгирӣ намудан аз ин бемории сироятӣ андешаронӣ намуда, ба онҳо муроҷиатномаи ҲХДТ-ро дастрас карданд ва таъкид намуданд, ки ҳифзи саломатии мо аз доштани маърифати баланди шаҳрвандӣ, масъулиятшиносии мо, аз ҷумла риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва гигиенаи шахсӣ вобастагии калон дорад.