БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШГИРӢ БЕҲТАР АЗ ТАБОБАТ АСТ

ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Барои пешгирӣ аз хуруҷи дувуми КОВИД-19 ва истифодаи самараноки замин кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар Ҷамоати деҳоти Озодагон дар деҳаи Бустон бо сокинон вохӯрӣ доир намуданд.

Дар мулоқот зимнан ба сокинон гуфта шуд, ки риояи қатъии гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ муҳим буда, худ ва наздиконатонро аз сироятёбӣ натанҳо аз бемории коронавирус, балки аз ҳамагуна бемориҳои сироятӣ эмин нигоҳ доред.

Дар рафти чорабинӣ, масъулин ба аҳолӣ маълумотҳои зарурӣ оид ба бемории мазкур дода, таъкид карданд, ки риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва пӯшидани ниқобҳои тиббӣ беҳтарин роҳи наҷот аз ҳама гуна бемориҳои сироятӣ мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg