БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАБИБОН ЗИЁБАХШИ ДИЛУ ДИДАИ МИЛЛАТАНД

АНДЕША. Мо дар арафаи ҷашнвораи бузурги таърихӣ - 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Дар ин давра барои расидан ба ҳадфҳои олии рушди кишвар, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум дар заминаи таъмини пешрафти босуръати иқтисодӣ ба дастовардҳои намоён ноил  гардидем.

Ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат дар самтҳои таъмини амнияти озуқаворӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, саноатикунонии босуръати кишвар, истифодабарии самарабахши нерӯи барқ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат корҳои назаррас идома ёфта истодаанд.

18  август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кохи Борбад бо кормандони соҳаи тандурустӣ мулоқот карда, иброз доштанд, ки соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати иҷтимоии Тоҷикистон арзёбӣ мегардад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии пурмуҳтавои худ оид ба дастгирии соҳаи тандурустӣ анҷоми тадбирҳои мушаххаси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди бахш, тарбияи кадрҳои баландихтисос, бунёди иншооти муосири тиббӣ дар саросари кишвар, таъмини биноҳо бо таҷҳизоти замонавии тиббӣ андешаронӣ карданд.

Ҳоло табибони мо дар ин рӯзҳо, ки бемории сироятии коронавирус ба саломатии шаҳрвандон таҳдид мекунад, заҳмат кашида истода, шуҷоату қаҳрамонӣ нишон дода истодаанд. Хизматҳои арзандаи табибон ва ҳамшираҳои шафқат буд, ки зиёда аз 93 % и беморони ба COVID – 19 табобат ёфта, ба зиндагии муқаррарӣ баргаштанд. Дар ҳақиқат дар ин рӯзҳои вазнин табибон ва ҳамшираҳои шафқат матонату ҷасорати шахсӣ нишон дода истодаанд.

Ба мақсади дастгирии табибон ва ҳамшираҳои шафқат бо Амри Президенти мамлакат аз 1 майи соли 2020 иловапулӣ ба музди меҳнати кормандони тиб дар ҳаҷми 12,4 миллион сомонӣ ба имзо расид, ки ғамхории навбатии Пешвои миллат ба кормандони соҳаи тиб ба шумор меравад.

Тадбирҳои сари вақт андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон буд, ки табибон дар самти дарёфти саривақтии беморону муоинаи дурусти онҳо ва ба табобат фаро гирифтани маризон мушарраф гардиданд.

Имрӯз дар соҳаи тандурустии мамлакат, ҷиҳати дарёфт ва муоинаву табобати саривақтии беморони коронавирус ягон норасоӣ ва ё мушкилӣ вуҷуд надорад. Тамоми дорувориву маводҳои муҳофизатӣ ва дастгоҳҳои тиббӣ ҷиҳати дарёфти саривақтии беморӣ ва табобатӣ, ки мавҷуд аст сари вақт дастрас гардиданд.

Имрӯзҳо дар мамлакат расонидани кумак ба оилаҳои камбизоат, ятимону бепарасторон ва шахсони ба бемории сироятии коронавирус гирифтор шуда, аз тарафи шахсони ҳиматбаланд ва хайрхоҳу соҳибкорон ба ҳукми анъана даромадааст.

Халқи сарбаланди тоҷик дар ҳама давру замон ба табақаҳои ниёзманд дасти ёрӣ дароз карда, саховату ҳимматбаландии ибратомӯз нишон додааст. Мо табибони Маркази саломатии ноҳия ғамхориҳои ҳамарӯзаи Пешвои миллатро нисбати табақаҳои ниёзманд, беморон мушоҳида карда истода, баҳри ҳамарӯза расонидани ёрӣ ба ин гурӯҳи аҳолӣ омодаем ва ёрии беғаразонаи худро ҳаррӯз расонида истодаем.

Табибони Маркази саломатии ноҳия баҳри солимии ҷомеа ҳамарӯза ҷаҳду талош намуда, сатҳу сифати хизматрасонии тиббиро ба аҳолӣ беҳтару хубтар ба роҳ монда истодаанд.

Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати табибон чунин гуфтаанд: “Табибон зиёбахши дилу дидаи миллатанд”.  Мо табибони Маркази саломатӣ баҳри он мекушем, ки ба ин суханони Пешвои миллат сазовор бошем.

Мо табибон идомаи ислоҳоти соҳаи тандурустиро ҳаматарафа дастгирӣ намуда, сатҳу сифат ва хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, инчунин амалӣ шудани шаклҳои нави кумаки аввалияи тиббию санитариро ҷонибдорӣ намуда, баҳри солимии ҷомеа тамоми донишу маҳорати касбии худро истифода мебарем.

Тамоми мардуми Тоҷикистони азизро ба муносибати 29 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, пеш аз ҳама ба онҳо саломатии бардавом ва тамоми хушиҳои зиндагиро  таманно менамоям. Бигузор Истиқлолияти миллати тоҷик абадӣ ва равшангари фардои нек бошад!

Раҳматуллоев Илҳом,  духтури асабшиноси Маркази саломатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ                                                

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg