БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОНЕ, КИ ВАТАНУ МИЛЛАТИ ХУДРО ДӮСТ МЕДОРАД, ҲЕҶ ГОҲ БА ОН САНГИ МАЛОМАТ НАМЕЗАНАД

ВОКУНИШ. Мо, ҳамагон шоҳид ҳастем, ки Тоҷикистони азизи мо дар натиҷаи ривоҷи корҳои созандагию бунёдкорӣ дар асоси сиёсати оқилонаву дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯз то рӯз ободу зебо,  барои сокинони мамлакат ҷойҳои нави корӣ муҳайё карда шуда, сатҳу сифати зиндагии мардум  сол то сол беҳтару хубтар мегардад. Вале душманону хоинони давлату миллат ҳамаи инро нодида гирифта, сӯи Ватан –  ҷое, ки онҳоро хӯронидаю пӯшонида ба камол расонидааст, санги маломат мезананд.  Оне, ки Ватану миллати худро дӯст медорад, дар чи шароити душворе зиндагӣ накунад,  ҳеҷ гоҳ ба оно санги маломат намезанад.  

Мисоли ин гуфтаҳоро мо дар симои фирориёни давлати Эрон бараъло мушоҳида менамоем. Вақте дар Эрон инқилоби исломӣ ғалаба намуд, бештар аз як миллион нафар эрониён гуреза гардида, ҳоло дар Лос-Анҷелоси Амрико зиндагӣ ба сар мебаранд. То ҳол чунин нашудааст, ки  як нафари онҳо бар зидди Ватани аҷдодӣ ва миллати худ сухани бадхоҳонае гуфта бошанд. Зеро онҳо дар ҳақиқат дӯстдори Ватани худ ва миллати худанд.

Роҳбарони ташкилоти террористӣ -экстремистии Ҳизби наҳзати ислом бошад, баръакс бо тамоми ҳастӣ мекӯшанд, ки Тоҷикистон ва мардуми онро дар арсаи олам бадном намоянд. Наҳзатиҳои фирорӣ дур аз Ватан ба ёди Ватан нестанд. Ҳар як дигаргунии дар кишвар ба амломадаро дарднок ба худ қабул мекунанд. Аз ғаму дард ва мушкилие, ки ба сари мардум меояд, курта – курта гӯшт мегиранд, шоду хурсанд мешаванд. Аз расман сабт шудани бемории Ковид - 19 дар мамлакат табли шодӣ заданд.  Ба ҷойи дилбардорӣ ва тасаллият ба мусибатдидагон аз гиребони Роҳбари давлат ва дигар ҳукуматдорон доштанд.

Хоинони миллат бояд донанд, ки мардуми кишвар сиёсати халқпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Пезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сидқан ҷонибдорӣ менамоянд  ва барои дар амал татбиқ намудани он саҳми арзандаи худро мегузоранд. Бинобар ин онҳо   ба он суханҳои иғвоангезонаи  хоинони миллат, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн менамоянд,  бо нафрат менигаранд.

Мардуми Тоҷикистон ба ояндаи дурахшони кишвар  бовар дошта, таҳти сиёсати дурандешонаи Пешвои худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намегузоранд, ки нохалафе ҳаёти хушбахтонаи онҳоро халалдор созад.

Маҳмадулло Назаров, муҳаққиқ, аъзои гурӯҳи таҳлилии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg