АНДЕША. Ҷавонони Тоҷикистони муосир, хусусан онҳое, ки зодагони даврони соҳибистиқлолии Ватан ҳастанд, аз зумраи хушбахттарин инсонҳо ба шумор мераванд. Воқеан, баъди ҳазорсолаҳои таърихи пурфоҷеаи миллат, дар қатори мурдуми соҳибиқболи мамлакат, ин табақаи ҷомеа дар шароити сулҳу оромӣ ва рушди нумӯи Тоҷикистон умр ба сар мебаранду дар мактабҳои олии Ҷумҳурӣ ва хориҷа таҳсили илм намуда, соҳиби касбу ҳунар мегарданд. Заҳмату талошҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки ба ин рӯзи нек расидем. Дар идомаи сиёсати таълиму тарбия ва дастгирии ҷавонон, Президенти Тоҷикистон дар Паёми худ соли 2017-ро Соли ҷавонон эълон намуданд ва таъкид карданд, ки «Ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд». Аз ҳамин лиҳоз ҳар як ҷавони бонангу номӯс бояд ҷавобан ба ин ғамхориҳои Пешвои миллат саъю талоши худро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, рушди илму техника ва бунёдкорӣ, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ. Ҳимояи Ватан равона созад, таърихи ба истиқлолият расидани давлати Тоҷикистон ва ба сулҳу ваҳдат омадани миллатро, бо ҳама бурду бохтҳояш, биомӯзад.
Ҳама дунё дар орзуи ҷавонист! Аз ин рӯ ҳар як ҷавон бояд ба қадри ин неъмати худовандӣ, яъне ҷавонӣ, бирасад, Ба қадри ҷавонӣ расидан пеш аз ҳама нигоҳ доштани обрӯи худ мебошад чуноне, ки шоир фармудааст:
Обест обрӯй, ки наояд ба ҷӯй боз,
Аз ташнагӣ бимиру нарез обрӯи хеш.
Баъзан аз софии дили ҷавонон, ки аз ҳирсу ҳасаду бадбинӣ холист, истифода карда, онҳоро бо роҳи бад ва ҳатто қабеҳтарин гуноҳ - хиёнат ба Ватан гумроҳ месозанд. Вале дар ҳама ҳолат ҷавонмард бояд фаромӯш накунад, ки бахти инсон ва маҳбубияти ӯ дар дунё танҳо бо Ватан - Модар амалӣ мешавад, чуноне, ки дар Суруди миллии мо садо медиҳад:
Тоҷикистон!
Зи ту саодати абад насиби мост,
Ту ҳастиву ҳама ҷаҳон ҳабиби мост, ҳабиби мост.
Ба қадри ҷавонӣ расидан - ин аз сахтии рӯзгор наҳаросида соҳиби илму дониш ва касбу ҳунар шудан аст, то ки худ ва дигаронро бишносӣ, дар ҳаққи ту бигӯянд: «Ӯ ҷавонмарди хубу бомурувват аст» ва ё беҳтараш «ӯ ҷавонмардест, ки мо бо фазилаташ ифтихор дорем». Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ беҳуда нафармудаанд, ки:
Гила аз сахтии айём бигузор,
Ки сахтӣ нокашида камёр аст.
Намебинӣ, ки оби ҷӯйборон,
Агар бар санг ғалтад хушгувор аст.
Бузургон, инчунин фармудаанд, ки ҷавонмард бояд ҷони бедор дошта бошад ва дарси хештаншиносӣ ва ватанпарастиро доранд:
Ба он мӯъмин Худо коре надорад,
Кӣ дар тан ҷони бедоре надорад.
Аз он аз мактаби ёрон гурезам.
Ҷавоне худнигаҳдоре надорад.
Ободии Ватани азиз аз касбу ҳунари ҷавонон ва ҷони бедору фитрати онҳо вобастааст, ягон бегонае аз диёри бегонагон Ватани моро обод нахоҳад кард, бинобар ин:
Дар ҷаҳон болу пари хеш кушудан омӯз,
Ки паридан натавон бо пару боли дигарон.
Оташ аз нолаи мурғони ҳарам гиру бисӯз,
Ошёне, ки ниҳодӣ ба ниҳоли дигарон.
Месазад, ки дарин ҷода ҷавонони мо барои худ пеш аз ҳама аз дарсҳои худшиносии миллӣ ва ватанпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сабақи дастуру ҳикмат бигиранд. Дар ёд дошта бошанд, ки Пешвои миллат бо ҷаҳду талошҳои ватанпарастонаашон Тоҷикистонро имрӯз ба сангари ягонаи донишу фарҳанги ҳама порсоён ва тоҷикони ҷаҳон, ҷилвагоҳи воқеии фарҳанги ростини порсии тоҷикӣ табдил доданд. Аз оғози эҳёи Тоҷикистони навин, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон манбаи илҳоми ҷомеа ва қутбнома, асосгузор ва илҳомбахши ғояи Ваҳдати миллӣ, Раиси Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Раиси Анҷумани тоҷикон ва ҳамзабонони бурунмарзии мо буда, аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳамчун Пешвои асри 21 ва яке аз 500 мусулмони беҳтарини дунё пазируфта шудаанд, ки боиси ифтихору сарфарозии мост.
Поянда бод нерӯи ҷавонони Тоҷикистон!
Абдуллозода Саёҳат, узви КИМ ҲХДТ, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон