АНДЕША. Барои миллати куҳанбунёди тоҷик мояи ифтихор аст, ки бо шарофати сиёсати оқилонаву хирадмандонаи Асосгузори ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳар сол санаи 9 сентябр дар фазои сулҳу субот, якдигарфаҳмиву якдилӣ, Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарбаландиву сарфарозӣ истиқбол гирифта мешавад. Истиқлолият дар таърихи давлатдорӣ ва сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ва оғози марҳилаи сифатан нав рушд гардида, дар назди мо иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди ҷомеаи мутамаддини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу мамлакат ва эҷоди давлатдории муосирро гузошт.
Нақши аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ басо калон аст. ҲХДТ бо ташабуси Эмомалӣ Раҳмон соли 1994 таъсис ёфтааст. Таъсисёбии ҲХДТ ба марҳилаи рост омад, ки миллати тоҷик дар фитнаву иғвои бадхоҳони миллат қарор дошт. Истиқлолияти давлатӣ ва ҷомеа дар ҳолати парокандаги қарор дошт, халқ дар ҳолати қашшоқӣ зиндагӣ мекард.
Дар чунин шароити душвори зиндагӣ ҲХДТ- чун нерӯи сиёсӣ барои ислоҳи вазъи ба амал омада ташкил шуд. Ин нерӯи сиёсӣ ба номи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба майдони сиёсӣ омад ва тавонист, ки буҳронҳои идеологӣ ва сиёсии ба амаломадаро аз байн барад, ҷомеаро дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ роҳнамоӣ кунад. ҲХДТ дар асоси ғояҳои созанда, таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нерӯи пешбарандаи сиёсӣ табдил ёфт, ҷомеаро муттаҳид кард ва ба он ояндаи дурахшон умед бахшид.
Шиори ҲХДТ барои солҳои 2015-2020 “ Барои Ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!” эълон гардидааст, зеро масъалаи Ваҳдати миллӣ ва суботу оромӣ дар ҳар давру замон аз масъалаҳои асосӣ ва омили таҳкими Истиқлолияти давлатӣ боқӣ мемонад.
Дар ин замина муваффақияти ҲХДТ аз он иборат аст, ки тавонист дар ҳама манотиқи кишвар халқро атрофи ғояҳои созандаву бунёдкорона муттаҳид созад.
Дар воқеъ Истиқлолият ин хонаи обод, сари баланд, зиндагии осоишта ва рӯзгори осудаҳолонаи ҳар фарди соҳибдавлату соҳибватан аст-ин суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ин суханони Пешвои миллатро бо масъулияти баланд қабул намуда, дар роҳи пешбурди сиёсати давлат ва таҳкими дастовардҳои даврони Истиқлолият саҳм гузошта истодаанд.
Айни замон, ки аз 29 солагии Истиқлолияти давлатӣ истиқбол мегирем бо дарназардошти таҳаввулоти ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳифзи бештари дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ бошем.
Мутаассифона, то ҳанӯз ҳастанд гурӯҳҳое, ки дидани Ваҳдату суботи тоҷикро надоранд ва дастовардҳои бузурги солҳои соҳибистиқлолиамонро ба ҳар роҳу восита мехоҳанд хурд нишон диҳанд.
Маҳз дар чунин шароит вазифаи мо ҳизбиён аз он иборат аст, ки ба ин гурӯҳи фиребхӯрда роҳҳи дурусти зиндагии шоистаро нишон диҳем ва асолати ватандӯстиро дар вуҷудашон бедор созем.
Истиқлолият дар таърихи давлату давлатдорӣ ва сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ва оғози марҳилаи сифатан нави рушдро ба вуҷуд оварда, дар назди мо иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлати демократии ҳуқуқбунёд ва ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу мамлакатро пеш гузошт. Хушбахтона, таҳти сиёсати хирадмандонаву дурандешонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи тоҷик аз уҳдаи ин вазифаи басо пурмасъулият сарбаландона баромад.
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ҳамаи сокинони кишварро ба муносибати 29 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику шодбош гуфта, барояшон дар роҳи ҳифзи Истиқлолият ва таҳкиму ҳифзи дастовардҳои он муваффақият хоҳон аст.
Бигузор дар Тоҷикистони азиз Истиқлолияти абадӣ, сулҳу суботи сиёсӣ, созандагиву бунёдкорӣ ҳамеша ҳукмрон бошад.
Давлатҷон Ғаффорзода, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ