БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИФЗИ САЛОМАТИИ МО ДАР ДАСТИ ХУДИ МОСТ!

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи  Носири  Хусрав  дар маҳаллаи  Сангоба   1-и   Ҷамоати деҳоти Наврӯз бо мақсади ба мардум фаҳмонидани хатару оқибатҳои бемории коронавирус бо усули «хона ба хона»  гузарониданд, ки аз ин  чорабинии ҳизбӣ сокинон  барои истифодаи самараноки замин, захираи маводи  хӯрока барои фасли тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021, риояи ҳатмии  қоидаҳои  беҳдоштӣ бо   мақсади ҳифзи солимии худ ва ҷомеа ба худ маълумоти даркорӣ гирифтанд. 

Инчунин, дар субат масъулин  иброз доштанд, ки имрӯзҳо мавҷи  дуюми  бемории  сироятии  коронавирус ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Дар аксари кишварҳо новобаста  аз  корҳои  ба сомон  расонида  ҳоло  ҳам шумораи зиёди одамон ба ин беморӣ гирифтор мешаванд.  Аз ин лиҳоз  ягона роҳ  эмин мондан аз ин бемории ҳамагиро  мебояд, ки қоидаҳои беҳдоштиро дар хонадонамон таъмин созем ва дар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз маводҳои антисетикӣ ва ниқобҳои тиббӣ истифода барем.

Дар охир ба  сокинони  маҳаллаи Сангоба-1 барои  безараргардонии маҳали зист   ба  миқдори 2 килограмм гипохлориди  калсий  ва 138 адад  даҳонбандӣ  муҳофизатӣ  тақдим  карда  шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg