БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАРБИЯИ ҶАВОНОН ДАР РӮҲИЯИ ХЕШТАНШИНОСӢ ВАЗИФАИ ҲАР ЯКИ МО БА ҲИСОБ МЕРАВАД

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Тибқи нақшаи чорабиниҳои кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Дӯстӣ” вохӯрӣ оид ба риояи қоидаҳои пешгирии бемории коронавирус, пешгирии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб  доир карда шуд.

Дар ин вохӯрӣ кормандони масъули ҳизбӣ Мунавараи Бозоралӣ ва Дилноза Шоева иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст, ҳозирин ҷиҳати тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, инчунин, оид ба хатарҳои гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ва роҳҳои пешгирии ҷавонон аз гаравидан ба ин ҳизбу ҳаракатҳо андешаронӣ карданд.

Инчунин, масъулини ҳизбӣ оид ба бемории коронавирус сухан карда, зикр намуданд, ки бо ниқоб рӯпӯш намудани рухсора ва саривақт шустани дастон бо собун аз роҳҳои эмин ёфтан аз ин беморист.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg