БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ШИШАИ НОМУСИ МИЛЛАТ ДАР БАҒАЛ ДОРЕМ МО...

АНДЕША. Дар воқеъ ҷомеаи мутамаддинро бе нақши зан тасаввур кардан мумкин нест.Хушбахтона ,бузургтарин хадафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди ҷомеаи адолатпарвар бо иштироки занони заковаташон таҷассумгари маънавиёти гаронбаҳои халқи куҳанбунёди мо мебошад.Ғамхорӣ дар ҳаққи занон ва ҳарчи бештар ба арсаи сиёсат ҷалб намудани онҳо ҳамеша дар мадди назари Пешвои миллат аст,ки дар як муддати кӯтоҳ дар ин самт корҳои намоён ва дастовардҳои назаррас ба даст омадааст. Баъди он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлолияти комили давлатӣ ба даст овард, Ҳукумати Ҷумҳурӣ  хосса Сарвари оқилу шоистаи он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣӣ-Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи занонро дар ҷомеа ҳамчун як масъалаи ниҳоят муҳим ва ҳалталаб арзёбӣ намуд. Ба хотири баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа,ба роҳ мондани баробарии ҳуқуқи зану мард як қатор Барномаву санадҳои дахлдор қабул гардида,бо ин васила барои ширкат варзидани занон дар ҳаёти сиёсӣ,иқтисодӣ  ва фарҳангии кишвар шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Ин буд,ки чанд соли охир таваҷҷуҳ, муносибат ва фикру андеша нисбат ба зан ранги тоза гирифт.Эътироф гашт,ки зан як ҷузъи пешбари ҷомеаи башарӣ буда, бо зеҳну хиради созандаи хеш қодир аст, ки дар ривоҷу равнақ, пешбурд ва густариши паҳлуҳои мухталифи ҳаёт хидмати гаронбаҳоеро ба ҷо биёрад.Имрӯз баръало зоҳир мегардад, ки  зани тоҷик на он занест,ки даҳ сол қабл буд.Ӯ  ба шарофати сиёсати хирадмандонаи давлатдории имрӯза мавқеъи худро пайдо карда, дар зинаҳои гунонуни сохторҳои давлатӣ фаъолона ифои вазифа менамояд. Ва як чиз муссалам аст,ки дар ҳар ҷое, ки зан сарвариро ба уҳда дорад, он ҷо тартибу низом ҳукмфармо буда,  пешравӣ  дида мешавад. Зани тоҷик нисбат ба мушкилоти рӯзгори имрӯза диду назари хоси худро дошта, сари он амиқона андешаронӣ намуда, барои рафьи камбудиҳо бебокона пешниҳод ба миён мегузорад. Зан гаронбаҳотарин дороии миллат аст ва ба андозае арзиш дорад,ки метавон гуфт: "Ҷомеа замоне ба авҷ мерасад, ки битавонад аз кор ва кирдорҳои зан пуштибонӣ  кунад. "Яке аз самтҳои асосӣ ва муҳими Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ин ҳам бошад, тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд мебошад, ки ин ҳадафи мазкурро ягона ҳизб, ин Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон амалӣ гардонида истодааст. Ҷалби духтарон ба зинаи сеюми таҳсил,таъсиси квотаҳои Президенти барои духтарони лаёқатманд, баргузории маниторинг ва мизҳои мудаввар бобати баланд бардоштани маьрифати сиёсӣ ва ҳуқуқи малакаи касбии занон,ташкили курсҳои бозомӯзӣ барои занону бонувон, иштироки занони фаъолу кордон дар вазифаҳои роҳбари яке аз самтҳои муҳими барномаи мазкур аст. Солҳои охир дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа корҳои назаррас ба иҷро расид, раванди ба вазифаҳои роҳбарикунанда ҷалб кардани занони қобилиятнок сурат гирифта, фарогирии онҳо ба соҳаҳои мухталифи ҳаёт дар муқоиса бо кишварҳои ҳамсоя хело баланд аст. Аз ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат соли 2018-2021 ҳамчун "Соли рушди сайеҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" ва солҳои 2019-2021 ҳамчун "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" эълон карда шуд,ки ин иқдомҳои наҷиб бори дигар мавқеи зан, бонуи ҳунарманди тоҷикро воло намуда, занони чирадасту оқила ва ҳунарманду бофарҳанги тоҷик ҳунарҳои дастии хешро дар хона сайқал дода, соҳиби ҷойҳои кори гардида, ҳунарҳои худро ба фурӯш мегузоранд. Яке аз рӯйдоди таьрихӣ, ки дар Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани мақому манзалати зани тоҷик ба вуқӯъ пайваста аст ва боиси сарбаландии кулли занони Тоҷикистон хосса занони роҳбар аст,ки аз ҷониби Созмони байналмилалии "Занони Сиёсатмадори Роҳбар" бо пешниҳоди Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ  Сафири Созмони мазкур таъин гардид. Ба чунин мақом сазовор донистани зани сиёсатмадори тоҷик аз ҷониби Созмони байналмилалии "Занони сиёсатмадори роҳбар" дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол падидаи нав буда,  аз он шаҳодат медиҳад, ки сиёсати баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, ки аз ҷониби роҳбарияти сиёсии давлати Тоҷикистон амалӣ  мегардад, дар арсаи байналмилалӣ  низ натиҷаҳои матлуб ба бор оварда истодааст. Ҳамаи ин ғамхориҳо аз ҷониби Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ  Раҳмон аст нисбат ба зан, модар, бонуи тоҷик. Мо занону модарон ҷавобан ба ҳама ғамхориву дасгириҳои ҳамаҷонибаи Сарвари кишвар зери шиори "ШИШАИ НОМУСИ МИЛЛАТ  ДАР БАҒАЛ ДОРЕМ МО" амал намуда,  баҳри гулгулшукуфоӣ  ва сарсабзии кишвар ҳамеша талош менамоем.

Дилафрӯз Сироҷиддинова,  директори МТМУ №17-и ноҳияи Ёвон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg