БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАР ЯК ФАРД БОЯД САЛОМАТИИ ХУДРО ҲИФЗ НАМОЯД!

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав    дар маҳаллаи  Бешкаппа  1-и  Ҷамоати деҳоти Наврӯз бо максади ба мардум фаҳмонидани хатару оқибатҳои бемории коронавирус бо усули «хона ба хона»  корҳои фаҳмондадиҳи баргузор намуданд.  

Зимни  суҳбат масъулин   аҳолиро  хотиррасон  намуданд, ки  ба  гигиенаи  шахсӣ  аҳамият  дода, истифодаи  ҳатмии  никобҳои  тиббӣ,   мунтазам шустани  дастон  бо  собун  истифода  баранд.

Бемории сироятии  коронавирус имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Дар аксари кишварҳо новобаста  аз  корҳои  ба сомон  расонида  ҳоло  ҳам шумораи зиёди одамон ба ин беморӣ гирифтор мешаванд. Сироятёбии мавҷи  дуюми ин  беморӣ  дар бисёр  кишварҳои дунё  ба қайд гирифта шуда истодааст.

Ҳамчунин истифодаи дурусту  оқилонаи ҳар  як  ваҷаб заминҳои  наздиҳавлигӣ, кишти  такрорӣ  ва   захираи  маҳсулоти  кишоварзӣ,  инчунин  бо аъзои  хоҷагиҳои  деҳқонӣ  ҷиҳати  бекор  намондани заминҳои  дар  ихтиёрашон    бударо  вобаста  ба  вазъи   имрӯзаи  ҷаҳони  муосир ҳаматарафа   фаҳмонида  доданд.

Ба  сокинони  маҳаллаи мазкур барои  безараргардонӣ  маҳлули гиплохлориди  калсий  ва 135 адад  даҳонбандӣ  муҳофизатӣ  тақдим  карда  шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg