БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИЗБИЁНИ КӮЛОБ ДАР МАЪРАКАИ МУҲИММИ СИЁСӢ ФАЪОЛОНА ШИРКАТ МЕВАРЗАНД

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар  толори маҷлисгоҳи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Чорбоғ”  вохӯрии масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо омӯзгорон доир гардид.

Нахуст, масъулин вобаста ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус суханронӣ намуда, қайд доштанд, ки новобаста аз он, ки шумораи гирифторони ин беморӣ дар дунё коҳиш ёфтааст, мо бояд беэътинои зоҳир накарда, саломатии худро дар ҷои аввал гузорем.

Дар  раванди суҳбат ҳозирин аз иштирокдорон даъват ба амал  оварданд, ки санаи 11-уми октябри соли равон дар маъракаи муҳимми сиёсӣ - яъне  интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намоянд ва ба ин васила мавқеи сиёсии худро муайян созанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg