БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БЕ МАОРИФ НАБОШАД ПОЯИ ДАВЛАТ УСТУВОР...

ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар  ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён”, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и деҳаи Сайёди Ҷамоати деҳоти ба номи Талбак Садриддинови ноҳияи Шаҳритуз бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритуз хониши сиёсӣ доир гардид.

Дар суҳбат  зимнан самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз ҳамагуна бемориҳои сироятӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ, пешгирӣ аз хурофотпарастиву  бегонапарастӣ,  пешгирии амалҳои коррупсионӣ, зуҳуроти номатлуб  ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз мавриди баррасӣ қарор дода шуда, аз иштирокдорон даъват ба амал оварда  шуд, ки  дар таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон бетафовут набошанд, бештар онҳоро ба илмомӯзиву касбу ҳунарҳо, дар вақтҳои холигӣ ба бозиҳои варзишӣ ҷалб созанд ва дар татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ ҳиссаи худро гузоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg