БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАБЛИҒОТ БАҲРИ ЗАХИРАИ ҒИЗОИ СОЛИМ ВА РИОЯИ ҚОИДАҲОИ БЕҲДОШТӢ ҶИҲАТИ МУҚОВИМАТ БО КОРОНАВИРУС

А.ҶОМӢ. дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҷиҳати пешгирӣ ва муқовимат бо коронавирус ва истифодаи самараноки замину захираи маводи хӯрока дар Ҷамоати деҳоти ба номи Қадриддин Ғиёсов миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монданд.

Ҳизбиён бо мардум дар бораи амалу тадбирҳои пешгирикунандаи бемориҳои сироятӣ, аз қабили тозаву озода нигоҳ доштани манзили зист, иҷрои корҳои безараргардонӣ, худдорӣ намудан аз ҳама гуна ҷамъомадҳои серодам, риояи масофаи иҷтимоӣ ва истифодаи ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ суҳбатҳо гузаронида, бо усули “хона ба хона” аз шароити зисти сокинон  ва бо кишту кори қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва Президентии онҳо шинос гардиданд.

Дар рафти мулоқотҳо ҳизбиён  ба таври инфиродӣ ба мардум ҷиҳати риояи ҳамаи қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва самаранок истифода бурдани ҳар як порча замин, гузаронидани кишти такрорӣ ва захираи маводи ғизоӣ барои зимистон дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg