БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАВОДҲОИ АНТИСЕПТИКӢ ДАСТРАСИ СОКИНОН ГАРДОНИДА ШУД

ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ  бо усули  «хона ба хона»   кормандони  масъули  Кумитаи  иҷроияи Ҳизби  Халқии  Демократии Тоҷикистон   дар  ноҳияи Хуросон дар деҳаи  Меҳнатобод-3  барои пешгирии бемории коронавирус  бо  аҳолӣ суҳбат карданд. Ҳангоми гузаронидани суҳбати фосилавӣ намояндагони ҳизбӣ сокинонро таъкид карданд, ки аз иштирок дар ҷойҳои серодам худдорӣ карда, аз ниқобҳои муҳофизатӣ, маводҳои антисептикӣ васеъ истифода бурда, дар давраи тирамоҳу зимистони дарпешистода худ ва дигаронро аз бемории коронавирус эҳтиёт намоянд.   Инчунин, дар идомаи суҳбат  аз сокинон даъват ба амал оварда шуд,  ки  бо истифодаи самараноки замин барои ду -се соли оянда маводи хӯрокаро таъмин созанд. Дар охир  ба онҳо никобҳои тиббӣ, муроҷиатномаи  ҳизбӣ,  тавсияномаҳо ва маҳлулҳои антисептикӣ  дастрас  карда  шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg