БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОКИНОН АЗ МАВҶИ ДУЮМИ КОРОНАВИРУС ОГОҲ КАРДА ШУДАНД

ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.

Дар Аксияи ҳизбии  “хона ба хона”, ки  дирӯз  аз ҷониби аъзои гурӯҳи таблиғотии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг   дар  деҳаи Ҳоҷаи Сабзпӯши  Ҷамоати деҳоти Шукнов  гузаронида шуд, бештар аз 87  нафар сокинони манзилҳо иштирок намуда, дар бораи роҳҳои пешгирии бемории коронавирус ба таври муфассал ба худ  маълумот пайдо намуданд.

Дар баробари бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ  ба  соҳибхонаҳо аъзои гурӯҳ   тарзи шустани дастон, бо намакоб  ғар-ғара кардани даҳону бинӣ, тарзи истифодаи даҳонбанд, иҷрои одоби салом   ва дигар  талаботҳои беҳдоштиро ба таври амалӣ нишон доданд.  Дар охир сокинон аз ин иқдоми неки ҳизбиён руҳбаланд гардида, барои ташкили чунин суҳбатҳои судманд изҳори миннатдорӣ баён карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg