БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАРДИ НАКӮНОМ

АНДЕША. Субҳи 9 август буд, тахминан  соатҳои 9-30 мо намояндагони   Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  бо мақсади баргузории як соати сиёсӣ ва аз наздик боздид намудани аҳли заҳмати ҶДММ “Баракати Ёвон” самти Ҷамоати деҳоти Обшорон  роҳсипор гардидем. Ман ҳамроҳи Алифов Ҷаҳонбек ва Солиҳов Маҳмадрасул  дар роҳ суҳбати гарму самимӣ намуда,   ба мавзеъи муайянгардида наздик мешудем. Мо ба гардиши деҳаи Анористон расидем. Дар гардиши деҳа муйсафеди нуронии кўҳансол  истода ба мошинҳо ишораи истодан менамуд. Ман аз Маҳмадрасул  хоҳиш кардам то мӯйсафедро дар мошин савор кунад. Ба мӯйсафед нигаристам, миёнаш аз куҳансолӣ хам зада буд, кафшҳояш пур аз лой, дар  бағал як бухча ва дар дасташ як кетманча   дошт. Баъди савор шудани мӯйсафед фаҳмидем, ки мӯйсафед  91 сола будаву Устоаҳмад  ном доштааст ва аз деҳаи Анористон аст.   Дар  роҳ ҳазорон савол зеҳнамро даргир мекард, ки ин мӯйсафед бо чунин синну сол дар инҷо чи кор мекарда бошад, гумон кардам дар он мавзеъ мумкин мӯйсафед  замини хоҷагии деҳқоние дошта бошад. Сипас кунҷковиям боло гирифту аз мӯйсафед суол кардам, ки аз куҷо меояд?  Медонед мӯйсафед дар ҷавоб чи гуфт. Ҷавобе гуфт, ки ҳар кас ба чунин кор қодир нест ва ҳатто фикри анҷом додани чунин корро дар сар намепарварад ва ҳатто ба худу хонаводааш анҷоми чунин корро ор медонад.

Бобои Устоаҳмад дар шоҳроҳи назди дарёчаи обгузар чор дарахти тут шинонидаасту ҳар вақт барои нигоҳубини онҳо тахмин ду -се километр роҳро тай менамояд. Ин ин навбат  бобои Устоаҳмад ба самти дарахтон ҷӯйборчае  канда,   бо мақсади он ки дарахтон хушк нашаванд, дарахтонро об додааст. Аз сатҳи зисту зиндагониаш пурсон шудем. Гуфт соҳиби чор писар будааст, ду нафарашро ба хок супоридаву ду нафари дигараш дар ҳамон деҳа дар наздикиаш зиндагонӣ менамоянд. Ҳамсараш 19 сол пеш ба раҳмати Худо рафтааст. Мӯйсафед дар хона танҳо зиндагонӣ мекардааст. Келинҳояш ба корҳои хонааш ёрӣ мерасонанд.

Хонандаи азиз худ қазоват кунед ва хулоса бароред, ки мӯйсафеди 91 сола ду-се километр роҳро тай намуда, барои об додани дарахтоне, ки худ парваридааст, омадааст. Кош ҳар яки мо мисли ин мӯйсафед имону виҷдони ватандорӣ дошта бошему дар ҳаёт аз худ дарахте боқӣ гузорем.

Аминам, ки ҳар як хонанда баъди шунидану хондани ин матлаб албатта аз худ ҳимматбаландӣ нишон дода, гӯшаеро обод мекунаду аз худ ниҳоле боқӣ мегузорад.

Саёҳат Абдуллозода,  муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg