БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲУНАРМАНДОНИ КИШВАРАМОН БО ЭЪЛОН ГАРДИДАНИ СОЛҲОИ РУШДИ ДЕҲОТ, САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ РОҲИ ДАРОМАД БА БУҶАИ ОИЛАРО ПАЙДО НАМУДАНД

АНДЕША. Аз таърих маълум аст, ки тоҷикон мардуми меҳнатдӯст, ҳунарманду санъаткор ва бофарҳанганд. Онҳо барои расидан ба зиндагии шоиста дар тӯли таърих пайваста талош варзида, дар мушкилтарин шароит ҳам ҳунару касбҳои фоидаовари зиёдеро мутобиқи тамоюли табиӣ ва истеъдоду лаёқат аз худ карда, онҳоро аз насл ба насл интиқол додаанд.

Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021 ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидааст, ки  ин солҳо такони ҷиддие дар ин самт бахшида, даъвати бузурге дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар, иқдоми наве дар такмили худшиносии миллӣ ва саҳифаи нави муаррифии тамаддуну фарҳанги миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад, ки таърихи имрӯза ва ояндаи мамлакатро муайян намуда, бори дигар аз сиёсати созанда ва дурбинонаи Сарвари кишвар шаҳодат медиҳад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкониятҳои зиёдеро фароҳам оварданд, то барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ хидмат бикунем, заҳмат бикашем ва саҳми арзанда бигузорем.

Имрӯз барои ҳунармандони моҳири тоҷик шароити мусоид баҳри рушди соҳа ва эҳёи ҳунарҳои миллӣ ба миён омад. Бо ин мақсад ҳунармандон метавонанд ҳунарҳои худро бо усулҳои бадеиву техникӣ, нақшофарӣ, бофандагиву дӯзандагӣ ва анъанаҳои касбиро рӯи кор оварда, онҳоро ҳамчун арзишҳои миллӣ ҳифз намуда, дар баланд бардоштани ифтихори миллӣ ва ҳисси ватандӯстию ватандорӣ нақши муассир мегузоранд.

Тавре, ки Сарвари давлат зикр карданд, “Барои бунёди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ ва омода намудани даҳҳо ва садҳо ҳазор ҳунармандони соҳибкасб ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ як сол басанда нест. Аз ин рӯ моро мебояд, ки тамоми кӯшишу ғайратамонро баҳри рушду нуму ёфтани ҳунарҳои мардумӣ  равона кунем”.

Дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат барои зиндагии шоистаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонӣ нигаронида шудааст. Аз ин рӯ моро мебояд, ки баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат кӯшиш намоем, то ки зиндагии худро аз ҳаррӯза дида, хубтару беҳтар кунем. Чунки ин солҳо махсусан, барои мо занону духтарон муҳиму даркорӣ буда, аз ҳар яки мо тақозо менамояд, ки бояд дорои сабру таҳаммул, иродаи мустаҳкам, иттиҳоду сарҷамъӣ, масъулияти баланд ва ташаббускор бошем.

Мусаллам аст, ки дар мамлакат садҳо марказҳои ҳунаромӯзӣ таъсис ёфта, амал менамоянд, ки дар онҳо ҳазорон нафар бонувон машғули кор мешаванд. Баробари ин солҳои охир равнақу ривоҷ гирифтани кори тарроҳон хурсандибахш аст, зеро самараи ҳамин таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат мебошад, ки бонувон имрӯзҳо маҳсули дастии худро дар хориҷи кишвар муаррифӣ намуда, бори дигар аз таъриху фарҳанги худ бо дигар миллатҳо инъикос мегардад.

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои барқароркунии ҳунарҳои миллӣ грантҳои давлатӣ таъсис дода шуд, ки ҳадаф аз ҷудо гардидани грантҳои мазкур дастгирӣ ва рушди ҳунарҳои дастӣ ҳамчунин, таъмини занон ва духтарон бо ҷойҳои корӣ мебошад.

Ин иқдоми ғамхоронаи Пешвои миллат мо занону бонувонро хушнуду сарфароз намуда, баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва ташкил намудани ҷойҳои кории доимӣ бахусус, ба шуғл фаро гирифтани занону бонувон мусоидат менамояд.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ҳамарӯза тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ маҳсули дастони занони ҳунарманди шаҳрро ба таври мунтазам таблиғу ташвиқ менамоянд, ки ин раванди таблиғот имконият медиҳад то занони ҳунарманди шаҳри Кӯлоб муаррифӣ шаванд ва маҳсулотҳои истеҳсолкардаи онҳо харидорони худро пайдо созанд. Аз тарафи дигар фикр кунем агар бо муаррифӣ намудани занону бонувони ҳунармандамон метавонем ба беҳ гардидани вазъи иқтисодиёти ин оилаҳо мусоидат намоем.

Итминон дорем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рушд ёфтани соҳаи сайёҳӣ дар оянда ба яке аз маконҳои зебои сайру саёҳат ҷаҳон табдил хоҳад ёфт.

Мунаввараи Бозоралӣ,  мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg