БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАНИ ҲУНАРМАНД ҲУСНУ БАРАКАТИ ХОНАДОН АСТ!

БАЛҶУВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Зан дар ҷомеъа нақши муҳиму созгор дорад. Маҳз Президенти кишвар, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ба фаъолияти занону модарон  таваҷуҳҳи хоса зоҳир менамояд. Бо ибтикори Сарвари мамлакат нақши зан дар ҷомеа хеле баланд гардид. Хушбахтона, имрӯз занон дар тамоми ҷабҳаҳо баробари мардон кору пайкор доранд.

Бо  ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  санаи 06.08.2019 маркази хизматрасонии “Гулдастон”-и ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор гирифт, ки ин ягона корхонаи дӯзандагӣ дар ноҳияи Балҷувон ба  ҳисоб  меравад ва  16 нафар  занону духтарони маҳаллиро бо ҷойи корӣ доимӣ ва бо маоши хуб таъмин  гардонидааст. Ин шаҳодат аз  ғамхориҳои рӯзафзун ва таваҷҷуҳи беандозаи  Сарвари давлат нисбат ба занону духтарони сатҳи маҳал ба  ҳисоб рафта, ҳамаи  ин ғамхориҳо боиси  он мегардад, ки тамоми занону духтарони маҳаллӣ  бо ҷойҳои корӣ доимӣ таъмин гардида, ба ин васила рӯз аз рӯз сатҳи бекорӣ бартараф карда мешавад.

Дар Паёми Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2018 қайд карда шудааст, ки  “Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем.” Ба масъулиятшиносию ҳунармандии Саодати Латиф  нигоҳ  карда, масъулини ноҳия аз рӯзи ба кор оғоз намудани маркази  хизматрасонии “Гулдастон” ба ҳайси роҳбар ӯро ба кор даъват намуданд. Саодати Латиф дар ин коргоҳ аз рӯзи оғозаш   фаъолият намуда, ба 16 нафар занону духтарони  чевари марказ роҳбарӣ  менамояд. 

Зимни суҳбат Саодати Латиф  қайд намуд, ки аз рӯзе  худро шинохтам ба ҳунари қӯроқдӯзӣ, чакандӯзӣ майл пайдо карда, сипас ҳунари чевариро аз худ намудам. Пеш аз оне, ки ба корхона ба кор омадам ман дар хона супоришҳои муштариёнро иҷро мекардам ва айни ҳол бошад дар  маркази дӯзандагӣ иҷро менамоям. Ҳунарманд ҳеҷгоҳ хор намегардад ман дар хона ҳам кор карда метавонистам. Дар хона ман барои наварӯсон кӯрпаю болишти қӯроқдӯзӣ ё чакандӯзӣ ва ҳамчунин куртаҳояшонро медӯхтам ва ба ин васила ба буҷаи ойлаамон  фойда меовардам.

Барои омода намудани либосҳои ягонаи мактабӣ барои хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Балҷувон ҳар сол масъулини маориф ба дигар корхонаҳои дӯзандагии шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳуриямон шартнома мебаст. Имсол бошад ин бонуи ҳунрманд бо кордонию масъулиятшиносӣ ҳамроҳи кормандонаш барои  тамоми хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия либоси ягонаи мактабӣ  омода намуданд.

Саодати Латиф кӯшиш менамояд, ки ба муштариён  саривақт кумак намуда, онҳоро  рӯҳбаланд созад то азми  рафтан ба дигар коргоҳу корхонаҳои дӯзандагии берун аз ноҳияро накунанд ва ба ин хотир ба занони марказ пайваста таъкид менамояд, ки   супоришҳои муштариёнро бо сифати баланд иҷро намоянд то ин ки  муштариёнамон ду бора барои супоришҳои минбаъда ба мо муроҷиат накунанд.

Саодати Латиф дар марказ барои  рушди  ҳунарҳои мардумӣ ҳунарӣ қуроқдӯзӣ, чакандӯзи ва атласу адрасбофиро низ ба роҳ мондааст.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg