БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МОДАР БУЗУРГУ БЕМИСОЛ АСТ

Мењри оламгир дорад модарам,

Дардро тадбир дорад модарам.

Аллањои ў суруди зиндагї,

Ваќти хуштадбир дорад модарам.

АНДЕША. Модар. Чї офаридаи муќаддасест! Албатта онро касе муќаддас мењисобад, ки ба ќадри модар расида тавонад ва ранљу мењнати ўро њис кунад.

Оре модарро чароѓи хонадон гўем, њаргиз хато нахоњем кард. Њар як бани башар медонад, ки модар шахси боэњтиром, азизу бузург барои њар як фарзанд буд, њаст ва хоњад монд.

Модарон чашмаи хушкнашавандаи њаётанд. Онњо ба дунё шахсони бузург ба мисли Рўдакиву Саъдї, Айниву Лоиќ, Бобољон Ѓафурову Мирзо Турсунзодаро овардаанд. Модар бо умеди калон фарзанди худро ба воя мерасонад, то ки ў бањри ояндаи Ватани хеш боњурмату мењнатдўст ба камол расад. Аз ин хотир фарзанд бояд доимо ќадри модари худро донад, ўро доимо эњтиром намояд, чунки розигии модар ўро њамеша нек медорад. Зеро бузургон гуфтаанд: Бињишт зери пои модарон аст.  

Модар дар сари гањвораи тифли хурдакаки худ бо суруди алла тамоми умеду орзуи худро баён мекунад. Барои муњофизати љигарбандаш њатто бо шер метавонад рў ба рў шавад.

     Накарда мижа тањ, биншаста шабњо,

     Бипарвард ў чу љон бигрифта дар бар.

Модар хоби ширини худро талх намуда, шабзиндадорї менамояд ва боз субњидам аз рўи хандони кўдак бўсакунон тамоми хастагињояшро фаромўш месозад. Модар воқеан ҳам бузургтарин шахсияти олам аст. Мењри модар чун хуршеди тобон ва чун обу њаво ба мо зарур аст, зеро ки мо аз ин равшанї, аз ин њавои соф рўњу илњом гирифта, роњи њаёти ояндаи худро бо хотирљамъї пеш мегирем ва сарбаландона кору зиндагї мекунем.

Оре, мењри модар аз њамаи неъматњои дунё афзалтар аст. Модар бузургу бемисол аст ва касе њам дар рўи дунё љои ўро гирифта наметавонад.

Мехоњам тамоми модарон, занони рўи замин њамеша солиму хушбахт бошанду чењраи чун гул шукуфонашон њаргиз рўи хазонро набинад.

Умедаи Акрамзода, масъули пахши сомонаи Кумитаи иљроияи ЊХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg