БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРҲОИ ТАРҒИБОТӢ БА ХОТИРИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ШАҲРВАНДӢ

ДӮСТӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Ҳамарӯза   кормандони  масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ тибқи нақшаи кории худ  оид ба  пешгирӣ аз мавҷи дуюми бемории коронавирус ва истифодаи самараноки замин ба хотири баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум  бо усули «хона ба хона» дар  деҳаву маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия  корҳои фаҳмондадиҳӣ доир намуда истодаанд, ки ин барои баланд бардоштани  маърифати шаҳрвандии сокинон  мусоидати хуб мекунад. 

Дар рафти чорабиниҳо намояндагони ҳизбӣ вобаста ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, пӯшидани ниқобҳои тиббӣ дар ҷойҳои серодам, истифодаи мунтазами  маҳлулҳои антисептикӣ, инчунин истифодаи самараноки замин ва аз он рӯёнидани ҳосили дилхоҳ  андешаронӣ карда, сокинонро ба амалҳои созанда даъват намуданд ва дар охир ба онҳо варақаҳои таблиғотиро вобаста ба  масъалаҳои мазкур дастрас карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg