БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАЙРАНГБОЗӢ БО НИҚОБИ ДИГАР

ВОКУНИШ. Эътироф гардидани Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ аз хизматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ин фарзанди барӯманди Ватан ба ваъдаи додаи худ назди миллат вафо кард. Ваҳдати миллиро барқарор намуда, миллатро ба ягонагӣ, бунёдкорӣ, созандагӣ ва эҳёи анъанаҳои миллӣ даъват намуд. Боз дар ҷомеа шахсоне ҳастанд, ки бо фасод ва хиёнату бадхоҳӣ миёни дигар инсонҳо тухми бад мекоранд. Чун дар роҳи хиёнат фирефта шуда, кӯшиш мекунанд, ки ҳарчи зиёдтар мардумро ба роҳи хатои худ баранд. Тавре огоҳ шудем, наҳзатиён бо роҳбарии хоини ватанфурӯши Муҳиддин Кабирӣ иттиҳодияи нав бо номи «Паймони миллии Тоҷикистон»-ро таъсис доданд. Аъзои фаъоли ин ташкилоти террористиву экстремистӣ Муҳиддин Кабирӣ, Алим Шерзамонов, Шарофиддин Гадоев, Илҳом Ёқубов ва дигар ҳаммаслакони онҳо мебошанд, ки фаъолияти ҳамаи онҳо дар Тоҷикистон ҳамчун фаъолони ҳизби террористӣ манъ карда шудааст. Онҳо бо ҳар роҳу восита мехоҳанд, ки бо роҳбарии хоҷагони худ дар зери ниқобу номи дигар ба Тоҷикистони тинҷу ороми мо нооромӣ биёранд. Ҳамзамон, ошкор гардид, ки террористиву экстремистии Ҳизби наҳзати исломии бахше аз созмони мусаллаҳи террористиву экстремистии «Ҳизбуллоҳ» мебошанд, ки аз тарафи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар хориҷи кишварашон ташкил карда шудааст. Саркардагони гурӯҳи наҳзат пинҳонӣ сӯистифода аз дину оини мардум ва бовариҳои динии ҷомеа, ба хотири расидан ба ҳадафҳои нопоки худ супоришҳои хоҷагонашонро бечуну чаро иҷро мекардаанд.

Ҳадафҳои асосии ифротгароён ин суст кардани худшиносии миллӣ, қувват додани бегонапарстӣ ва дар маҷмуъ ба вуҷуд овардани ихтилоф дар ҷомеа буда, аслан василаеанд барои амалишавии нақшаҳои давлатҳои абарқудрат барои идора кардани ҷаҳон.

Сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тарбияи хештаншиносии мардум ҳадафҳои баланди миллатсозӣ доранд ва татбиқи амалии он вазифаи ҳар як шаҳрванди бонангу номуси кишвар мебошад. Садоқат, дилсӯзӣ ва саъйу талоши ҳамешагии  Роҳбари давлатро дида, аз нав ба зиндагии осоишта дилгарм шудем ва аз он рӯҳу илҳоми тоза гирифта, пеши худ мақсад гузоштем, ки бо истифода аз тамоми маҳорат, дониш, малака ва собиқаю таҷрибаи корӣ барои амалисозии мақсадҳои наҷибе, ки Роҳбари давлат пеш гирифтааст ва барои ободии ин сарзамини бароямон басо азиз равона карда шудаанд, фаъолияти хешро ба роҳ монем. Эмомалӣ Раҳмон, ки худ миллату Ватанро аз андоза зиёд дӯст медоранду тану ҷони хешро бе ғами Ватан тасаввур намекунанд, дигаронро низ барои расидан ба ҳамин фазилати инсонӣ ҳидоят менамоянд:

«Дӯст бошед!

Иттифоқ бошед!

Шукронаи ана ҳамин сарзамин кунед, шукронаи ҳамин давлат кунед!

Шукрона кунед, ки чунин Ватани азизу маҳбуб доред!»

Саломат Иргашева, узви гурӯҳи вакилӣ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg