БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПӮШИДАНИ НИҚОБҲОИ ТИББӢ БЕҲТАРИН РОҲИ НАҶОТ КОРОНАВИРУС

ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ бо мақсади риояи санитарию гигиенӣ ва пешгирӣ аз бемории сирояти коронавирус дар ташкилоти ибтидоии “Гулистон”-и Ҷамоати деҳоти Озодагон корҳои фаҳмондадиҳиро миёни мардум ба роҳ монда, ба онҳо варақаҳои иттилоотӣ ва ниқобҳои муҳофизатиро тақсим карданд.

Дар рафти чорабинӣ, масъулин ба аҳолӣ маълумотҳои зарурӣ оид ба бемории мазкур дода, таъкид карданд, ки риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва пӯшидани ниқобҳои тиббӣ беҳтарин роҳи наҷот аз ҳама гуна бемориҳои сироятӣ мебошад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg